Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Радиои Озодиро ба Маскав роҳ надоданд


Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри баёнияе гуфт, Дейвид Саттер, як мушовири Радиои Озодӣ, ки аз ҳаққи сафар маҳрум шуд, муқаррароти сафар ба Русияро “башиддат” нақз кардааст. Вазорат гуфт, Дейвид Саттер бештар аз мӯҳлати муқарраршуда дар Русия мондааст ва ҳақ надорад, то 5 соли дигар ба ин кишвар сафар кунад. Дейвид Саттер моҳи декабр аз мақомоти Русия нома гирифт, ки дархости ӯ барои гирифтани раводиди сафар қабул шудааст, вале баъдан як дипломати рус дар сафорати Киев ба ӯ гуфтааст, ки “намехоҳанд, ӯ дар Русия ҳузур дошта бошад.” Хабарнигори амрикоӣ аз моҳи сентябри соли 2013 дар Русия кори мекард. Кевин Клос, президенти Радиои Озодӣ рӯзи душанбе гуфт, сафорати Амрико дар Маскавро аз ин қазия огаҳ кардаанд ва эътирози расмӣ дар ин замина ҳам ба мақомоти Русия фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG