Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Миср раъйпурсии умумӣ шурӯъ шуд


Дар Миср раъйдиҳии дурӯзаи умумӣ барои қабули тарҳи Қонуни Асосиро шурӯъ шуд, ки нахустин раъйдиҳӣ пас аз сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои ин кишвар аст. Дар тарҳи нав, ки як гурӯҳи умдатан донишмандони дунявигаро таҳия кардаанд, ишорае ба низоми исломӣ нашудааст, чизе ки дар қонуни баҳсбарангези асосии дар аҳди Муҳаммад Мурсӣ вуҷуд дошт. Тарафдорони тарҳи нав мегӯянд, ки дар ин санад ҳуқуқи фардии инсон, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳуқуқи занон кафолат дода шудааст. Аммо ба гуфтаи мухолифони тарҳ, ин санад ба артиши Миср имтиёзи бештар медиҳад, ки Мурсиро дар шаш моҳи пеш аз мақомаш барканор карданд. Қабл аз оғози раъйпурсӣ дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳри Қоҳира, бомбе таркид, вале касе осеб надид. Ҳудуди 53 миллион нафар аз мардуми Миср ҳаққи раъйдиҳӣ доранд. Ин раъйпурсӣ бахше аз тарҳест, ки ба гуфтаи ҳукумат, бар асоси он бояд демократия дар Миср барқарор карда шавад.
XS
SM
MD
LG