Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳод Муъминов дар байни кӯҳнавардони тоҷик аввалин шуда қуллаи баландтарини Африқо – Килиманҷароро фатҳ кард.

Кӯҳи Килиманҷаро – нуқтаи аз ҳама баландтарин дар Африқо дар шимолу шарқи Танзания воқеъ аст, Баландии он 5895 метрро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Фарҳод Муъминов ба экспедитсияи кӯҳнавардӣ, ки ба ҳайати он, ҳамчунин, кӯҳнавардони Русия дохиланд, шомил буд. Бояд гуфт, ки Фарҳод Муъминов мебоист ба ин экспедитсия ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта шомил мешуд, вале он вақт ӯ имконияти молӣ надошт.

«Барои ин маблағи зиёд зарур аст, - мегӯяд Фарҳод Муъминов. – Ба ҷуз Килиманҷаро (5895) ширкаткунандагони экспедитсия ба қуллаҳои Кения (5199 м) ва Маргарет (5109 м) баромаданд. Ман бошам, то лаҳзаҳои охирин сарпарастонро меҷустам, ки ба ман барои ба экспедитсия рафтан кӯмак кунанд, вале онҳоро наёфтам. Хушбахтона, ба ман раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов кӯмак намуд ва ман дар ҳайати гурӯҳи кӯҳнавардони Русия дар экспедитсияи нав 8-уми январ ба Африқо сафар кардам. Гурӯҳи мо ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Русия ва Туркия анҷом дод.»

Ба ин тартиб, Фарҳод Муъминов аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки парчами кишварро дар ин қуллаҳои баландтарини Африқо барафрохтааст.

Вай ба ду қуллаи ҳафтҳазорметра - Корженевская (7105 м) ва Абӯалӣ ибни Сино (7134 м) баромадааст. Ба ғайр аз ин, ӯ соли гузашта қуллаи Элбрус (5642 м)-ро фатҳ кардааст. Ҳоло Фарҳод Муъминов дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Адигейи Русия таҳсил мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG