Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз вакилон хост, ба музокирот бо Эрон фурсат диҳанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз вакилони мардумии кишвараш хост, имкон бидиҳанд, ки бӯҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Муроҷиати Барак Обама баъд аз он садо дод, ки тарафҳои музокирот мувофиқа карданд, иҷрои созишномаи шашмоҳа дар мавриди барномаҳои атомии Эрон аз рӯзи 20 январ шурӯъ шавад. Барак Обама рӯзи душанбе гуфт, ин созишнома “равзанаеро барои роҳи ҳал” боз мекунад. Аммо айни замон, баъзе аз вакилони мардумии Амрико хоҳони эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон шудаанд, ки коре, ки метавонад, музокирот бо Эронро ба ҳам бизанад. Барак Обама гуфтааст, агар Эрон бар тибқи тааҳудоти худ амал накунад ва баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро боз надорад, ӯ аз эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон ҳимоят хоҳад кард. Қудратҳои ҷаҳонӣ бим доранд, ки Эрон таҳти барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, мехоҳад, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон мегӯяд, ҳадафи он тавлиди нерӯи барқи атомист.
XS
SM
MD
LG