Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии “Равшан”-и Кӯлоб дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2014 бо “Ал Ярмук Ал Равда”-и Яман 2-юми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи «Равшан», рӯзи 14-уми январ хабар дод. Вай афзуд, «ин тасмим аз ҷониби комиссияи АФК гирифта шуд. Бозигарону мураббиён ва раҳбарияти дастаи “Равшан” алъон дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунанд. Даста рӯзи сешанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард, ки он то 1-уми феврал идома хоҳад кард. Легионерҳои африқоии даста аз Гана - Соломон Течи, Мӯсо Содиқ ва Аккуфо Гершон, ки дар таътил буданд, фардо, 15-уми январ, ба Тоҷикистон бармегарданд. Вале мӯҳлати қарордод бо ду легионери африқоӣ аз Гана - Дэвид Мауто ва Чарлз Тико ба охир расид. Мауто ба дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гузашт. Тико ба ватанаш баргашт. Роҳбарони бошгоҳи мо барои пурқувват кардани ҳайати даста дар ҳамин ҳол бо се бозигари нав дар бораи бастани қарордод гуфтугӯ анҷом медиҳанд. Вале ба гумон аст, ки то рӯзи бозӣ бо “Ал Ярмук” ин масъала ҳал шавад”.


Ба иттилои ҷаноби Бобоев бозии дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, бо қаҳрамони Яман - «Ал Ярмук Ал Равда» рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода соати 13:00 шурӯъ мешавад.


Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» рӯйхати бозигаронашро барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014 ба Конфедератсияи футболи Осиё авоили моҳи январ пешниҳод карда буд. Ба ин рӯйхат 24 футболбоз, аз он ҷумла чаҳор легионер дохиланд. Инҳо ҳимоятгар Мӯсо Содиқ, нимҳимоятгар Гершон Акуффо, ҳамлагар Соломон Течи (ҳарсе аз Гана), инчунин нимҳимоятгар Сайриддин Ғаффоров (Узбакистон) мебошанд.

Бар асоси дастури Ҷоми АФК ҳафт рӯз пеш аз бозии аввал бошгоҳи “Равшан” метавонад боз панҷ футболбозро ба рӯйхати пешниҳод намудааш илова намояд.

Дархости «Равшан» барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014 чунин аст:
дарвозабонҳо: 1. Рустам Ризоев, 16. Неъматулло Тошев, 30. Баҳодур Шамсов;
ҳимоятгарон: 2. Далерҷон Тухтасунов, 3. Содиқ Мӯсо, 4. Алексей Неъматов, 5. Одил Эргашев, 12. Ҳасан Рустамов, 23. Саидхони Амрохон, 24. Зарифҷон Рустамов, 26. Абубакр Азимов;
нимҳимоятгарон: 6. Гершон Акуффо, 7. Сайриддин Ғаффоров, 8. Абдусамад Ҳоҷибаев, 9. Ҳикматулло Расулов, 14. Бахтиёр Ҳасанов, 15. Фаридун Рустамов, 18. Комрон Саидзода, 22. Зокирҷон Абдулҳаев, 25. Муҳаммадҷони Ҳасан;
ҳамлагарон: 10. Соломон Течи. 11. Давронҷон Тухтасунов, 17. Наврӯз Рустамов, 21. Нӯъмонҷон Ҳакимов.

Раҳбарияти даста : Зайнулло Соҳибов – раиси клуб, Маматқул Худойбердиев – муовини раис, Баҳром Рустамов – сардори даста, Дилшод Шарифов – менеҷер, Ғайраталӣ Мираҳмадов – сармураббӣ, Маъруф Рустамов – мураббии калон, Зайниддин Раҳимов – мураббӣ.

Ба бозии “Равшан” ва “Ал Ярмук Ал Равда” дар плей-оффи Ҷоми АФК-2014 гурӯҳи доварон аз Малайзия бо раҳбарии ҳаками 27-сола Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат мерасонад. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азман Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шудааст. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.

Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук Ал Равда» рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG