Пайвандҳои дастрасӣ

Ариел Шарон ба хок супурда шуд


Ҷо Байден дар маросими видоъ бо Ариел Шарон

Ҷо Байден дар маросими видоъ бо Ариел Шарон

Ариел Шарон-нахуствазири пешини Исроил дар зодгоҳи худ дар ширкати хонаводӣ дар ҷануби Исроил воқеъ дар 10 километрии Ғазза ба хок супурда шуд.

Субҳи рӯзи душанбе дар маросими видоъ бо Ариел Шарон, ки дар назди бинои порламон гузошта шуда буд, намояндагон аз 20 кишвар, ба вижа аз Аврупо ширкат доштанд.

Шарон рӯзи шанбе дар синни 85 солагӣ даргузашт. Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ дар маросими видоъ аз Ариел Шарон ба унвони як “ситораи раҳнамо”-и Исроил ном бурд.
XS
SM
MD
LG