Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳашиши худрӯи Қазоқистон дар порламон


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева-духтари калонии Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки назорат бар майдонҳои васеи ҳашиши ваҳшиву биёбониро дар ихтиёри ширкатҳои дорусозӣ гузоранд.

Вай рӯзи панҷшанбе зимни суханони худ дар порламон ба унвони намояндаи мардумӣ гуфт, ки дар даҳсолаҳои гузашта барои нобудии ҳашиш дар майдонҳои водии Чуй маблағҳои зиёд ба масраф расидааст. Ин водӣ то ба Қирғизистон мерасад.

Хонум Назарбоева гуфт, чун ҳашиши ваҳшӣ дар ин водӣ худрӯй аст, бо вуҷуди талошҳои зиёди аз байн бурдан, ҳашиш ҳамчунон мерӯяд ва беҳтар аст ба ширкатҳои байналмиллалии дорусозӣ иҷоза дода шавад, ки ин растаниро ба таври таҷриба истифода кунанд.

Ба гуфтаи вай, чунин кор барои танзими вазъ кӯмак мекунад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меорад ва даромад ҳам медиҳад.
XS
SM
MD
LG