Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби раҳбари мухолифон дар Минск


Анатол Лябедска
Анатол Лябедска
Анатол Лябедска-яке аз раҳбарони мухолифони давлати Беларусия мегӯяд, ки вай ҳангоми боздошт барои нақзи қонун дар бораи ҳамоишҳои иҷтимоӣ мариди лату кӯб қарор гирифтааст. Лябедска раиси Ҳизби муттаҳидаи мардумӣ мебошад. Вай рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки шаш марди ношинос рӯзи якшанбе вайро дар назди хонааш латукӯб кардаанд ва ба пулис бурдаанд. Сипас вайро барои ҷамъоварии ғайриқонунии имзоҳо бар зидди боло бурдани андози нав аз мошинҳо муттаҳам кардаанд. Ин андозҳо аз аввали моҳи ҷорӣ боло рафт.

Лябедска гуфтааст, қабл аз раҳоӣ ин одамон вайро ба қабристони дастаҷамъии қурбониёни давраи Сталин ба Курапатӣ бурдаанд, маҳалле, ки дар наздикии Минск қарор дорад, сипас аз он ҷо ба Минск ба ҷое бурдаанд, ки ҷасади мурдагонро сӯзонда хокистар мекунанд.

Вай мегӯяд, бо ин кор онҳо мехостанд ба ман фишори равонӣ ворид кунанд. Мурофиаи додгоҳии Лябедска барои рӯзи сешанбе пешбинӣ шудааст. Агар вай муттаҳам шинохта шавад, чанд рӯз маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG