Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти расмии Қирғизистон роҷеъ ба тирандозӣ


Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ба таври расмӣ аз тирандозиҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Дар эъломияе, ки рӯзи душанбе ба нашр расид, вазорат изҳороти расмии Тоҷикистонро, ки пештар ба нашр расида буд, як навъ “нофаҳмӣ” номидааст. Ин изҳоротро ҷониби Тоҷикистон 11 январ дар робита бо тирандозии марзии рӯзи шанбе пахш кард.

Мақомот мегӯянд, ки 5 марзбони Қирғизистон, як корманди пулиси қирғиз ва 3 марзбони тоҷик дар ин тирандозӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Қирғизистон дар ин изҳорот гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон тирандозиро оғоз кардааст.

Ҷониби Қирғизистон ҳамчунин аз Тоҷикистон хостааст, ки то рӯшан шудани ҷузъиёти масъала аз додани ҳар гуна изҳорот худдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG