Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар бо ҳисоби 6-2 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 баргузор шуд.

Ҳисобро Дилшод Восиев, бозигари мунтахаби бошгоҳҳои кишввар, дар дақиқаҳои авали бозӣ кушод. Вале пас аз муддате Ҷаҳонгир Эргашев, бозигари мунтахаби ҷавонон, ҳисобро баробар кард. Дар оғози нимаи дувум Давронҷон Тухтасунов мунтахаби бошгоҳҳоро ба пеш баровард. Баъди якчанд дақиқа Наврӯз Рустамов ҳисобро баробар намуд. Баъдан бозӣ бо бартарии ҷавонон гузашт ва онҳо ба дарвозаи мунтахаби бошгоҳҳо боз чаҳор голи дигар ворид карда, бо ҳисоби 6-2 ғолиб омаданд.

Марҳилаи дувуми омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба Ҷоми Иттиҳод-2014 то рӯзи 19-уми январ идома хоҳад кард. Бозии дувуми санҷишии мунтахаби ҷавонон бо дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 18-уми январ дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегарданд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ба дархости ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ҳамагӣ 20 футболбоз дохил мешавад.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.


Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):

Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саидҷон Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»);
Нимҳимоятгарон: Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ССКА, Маскав), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Иброҳим Мӯҳтоҷзода («Саройкамар»);
Ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов («Равшан»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Комрон Турсунов (РТСУ).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG