Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мактабҳои Тоҷикистон 447 омӯзгор намерасад


Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 447 нафар омӯзгор дар макотиби миёнаи ҳамагонӣ намерасидааст. Дар ин бора рӯзи 13-уми январ дар нишасти матбуотии Вазорати маориф муовини вазир Раҳматулло Мирбобоев, гуфт, ки аз ҷумла омӯзгорон дар вилояти Бадахшон 12 нафар, Хатлон 245 нафар, Суғд 70 нафар, шаҳри Душанбе 16 нафар, ноҳияҳои тобеъи марказ 134 нафар намерасанд.

Норасоии кадрҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамасола риштаҳои омӯзгории макотиби олиро ҳазорон нафар хатм мекунанд. Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф соли гузашта 3870 нафар риштаҳои омӯзгориии мактабҳои олиро хатм карданд.
XS
SM
MD
LG