Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Шаронро барои видоъ дар Кнессет гузоштанд


Тобути Ариел Шарон, нахуствазири собиқи Исроилро ба шаҳри Байтулмуқаддас оварда ва дар бинои порлумон гузоштанд, то мардум бо ӯ видоъ кунанд. Генерали собиқ, ки ҳашт сол пеш бар асари сактаи шадиди мағзӣ ба кома афтод, субҳи рӯзи шанбе дар синни 85-солагӣ даргузашт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, фидокории Ариэл Шарон барои Исроилро ситоиш кард. Қарор аст, Ҷо Байден, муовини Обама дар маросими дафни Ариел Шарон дар рӯзи душанбе ширкат кунад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Шаронро “як меҳанпарасти исроилӣ” хонд. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо ба Исроил изҳори тасаллият карданд. Аммо гурӯҳи фаластинии Ҳамос Ариел Шаронро як “ҷинояткор” хонда ва аз марги ӯ изҳори хушҳолӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG