Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти афғон мегӯянд, интихобот ором мегузарад


Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, замонат медиҳанд, ки тақрибан ҳамаи қитъаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ амн хоҳад буд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, рӯзи шанбе гуфт, арзёбиҳои амниятӣ дар бораи амнияти интихобот нишон дод, ки аз ҳисоби бештар аз 6800 қитъаи раъйдиҳӣ 6400 қитъа амн хоҳад буд. Ӯ афзуд, ки талошҳо барои таъмини амнияти комили бештар аз 400 қитъаи дигар идома дорад. Генерал Муродалӣ Мурод, аз артиши миллии Афғонистон гуфт, ки ба эътиқоди ӯ амнияти интихоботи моҳи апрели имсол назар ба амнияти интихоботҳои раёсати ҷумҳурии соли 2009 ва интихоботи порлумонии соли 2010 ба маротиб беҳтар хоҳад буд. Ӯ рӯзи шанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, “шароит дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта комилан тағйир кардааст.” Толибон таҳдид кардаанд, ки интихоботи ояндаи Афғонистонро ба ҳам мезананд ва аз мардум хостаанд, ки ба раъйдиҳӣ нараванд.
XS
SM
MD
LG