Пайвандҳои дастрасӣ

Кличко хостори таҳрим алайҳи ҳукумати Украина шуд


Виталий Кличко, аз пешвоёни мухолифони давлати Украина аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, алайҳи аъзои ҳукумати раиси ҷумҳур Виктор Янукович таҳрим эъмол кунанд. Муроҷиати қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар бокс баъд аз он садо дод, ки шоми ҷумъа маъмурони пулис дар бархӯрд бо тазоҳургарон дасти кам 10 нафар аз ҷумла Юрий Лутсенко, вазири собиқи умури дохилиро маҷрӯҳ карданд. Хушунату бархӯрд баъди он сар зад, додгоҳи Украина се нафарро бо гуноҳи қасди тарконидани пайкараи Ленин дар Киев дар соли 2011 ба 6-солии зиндон маҳкум кард. Вазорати умури дохилии Украина гуфт, дар бархӯрд бо тазоҳургарон 20 афсари пулис захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG