Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дэвид Мауто ба "Истиқлол" гузашт


Девид Мауто баъди имзои қарордод бо "Истиқлол"

Девид Мауто баъди имзои қарордод бо "Истиқлол"

«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар ду соли охир - 2012 ва 2013 - унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро ба «Равшан»-и Кӯлоб бохт, имсол ҳайъаташро аз ҳисоби ин рақиби асосиаш пурзӯр мекунад.


Дэвид Мауто, легионер аз кишвари африқоии Ғана, имсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ хоҳад кард. Бошгоҳи футболи «Истиқлол» рӯзи 10-уми январ бо ин нимҳимоятгари 22-солаи африқоӣ, ки ду соли ахир дар ҳайати дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозӣ карда, ду бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, қарордод ба имзо расондааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», Дэвид Мауто, ки дар дастаи наваш таҳти рақами 14 бозӣ мекунад, рӯзи 11-уми январ ба ватанаш - Ғана сафар кард ва рӯзи 20-уми январ баъди истироҳат ба Душанбе баргашта, тамринро дар дастаи наваш оғоз хоҳад кард.

Шароити қарордоди "Истиқлол" бо Давид Мауто гуфта нашудааст ва маълум нест, ки ин қарордод барои чанд сол буда, чӣ имтиёзҳое ба Мауто медиҳад, ки ӯ Кӯлобро баъди ду сол бо Душанбе иваз кард.

Дэвид Мауто ахиран аз сӯи Федератсияи футбол беҳтарин легионери мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2013 шинхта шуда буд.

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи «Равшан», ҳафтае пеш дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мӯҳлати қарордоди "Равшан" бо ду легионери африқоӣ аз Гана, ҳамлагарон Дэвид Мауто ва Чарлз Тико ба охир расидааст. Оқои Рустамов дар он сӯҳбат гуфта буд, "рӯзҳои наздиктарин Девид Мауто, ки ба яке аз клубҳои футболи Украина даъват шудааст, ба ин кишвар сафар мекунад." Маълум мешавад, сармураббии "Равшан" ҳанӯз дарак надошт, ки Мауто дар соли 2014 ҳайъати рақиби асосии онҳо - "Истиқлол"-ро қавитар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG