Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алимардон бо Мамитов низоъ дар марзро баррасӣ кард


Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Тоқон Мамитов ҳамтои қирғизи ӯ, рӯзи шанбе муноқиша дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Ду тараф ба мувофиқа расидаанд, ки қазияи тирандозӣ дар марз якҷоя таҳқиқ шавад. Ба ин ҳадаф, раисони ситодҳои нерӯҳои марзбонӣ, муовинони вазирони умури дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса фиристода шудаанд. Айни замон ҳамкории мақомоти расмии вилоятҳои Суғд ва Ботканди Қирғизистон ба роҳ монда шудааст. Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов гуфтаанд, ки дар сурати зарурат дар маҳалли ҳодиса мулоқот хоҳанд кард. Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон муноқиша дар марзро ба ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии кишвараш баррасӣ карда ва дар ин ҷаласа ба ӯ гуфтаанд, ки тирандозӣ аз тарафи нерӯҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст, ҳарчанд ин иддаоро ҷониби Душанбе рад мекунад. Дар муноқиша дар наздикии рустои марзии Хоҷаи Аъло дар вилояти Суғд 5 марзбони қирғиз ва ду ҳамтои тоҷики онҳо маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG