Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Гурез"-и ҷавонон аз Фейсбук


Facebook

Facebook

Бо анҷоми пажӯҳише як донишманди англис ба ин хулоса омадааст, ки шабакаи иҷтимоии Фейсбук торафт маҳбубияташро дар миёни ҷавонон аз даст медиҳад.

Ин пажӯҳиш муайян кардааст, ки ҷавонони аз 16 то 18 сола дигар тарки ин шабакаи иҷтимоӣ карда ба сомонаҳои наву замонавӣ мисли istagram, Snapchat, ва WhatsApp рӯ меоранд. Ин муҳаққиқ аз Донишгоҳи Лондон мегӯяд, ҳоло Фейсбук бештар ҷойи ҷамъомади насли калонсолтар шудааст. Ба ақидаи ӯ, маҳз ҳамин боиси берун шудани ҷавонон аз Фейсбук шудааст. Чуни насли ҷавон табиатан аз зери назорати волидону афроди калонсол дур будан мехоҳанд. Аммо дар Тоҷикистон ба иттилои ахир, баръакс шумори корбарони Фейсбук аз ҳисоби ҷавонон бештар шудааст.

Тибқи пажӯҳише, ки аз сӯйи таҳлилгарони масоили интернетӣ дар Тоҷикистон анҷом шудааст, давоми ду соли ахир шумори истифодабарандагони Фейсбук дар ин кишвар чанд маротиб афзудааст. Ва имрӯз аз Фейсбуки тоҷикӣ тахминан 30-40 ҳазор нафар кор мебарад. 67 дарсади истифодабарандагони ин сомонаи Фариштамоҳ Гулова

Фариштамоҳ Гулова

иҷтимоӣ ҷавонони аз 18 то 30 солаанд ва тибқи ин нишондод ҳамагӣ ду дарсади истифодабарандагон афроди аз 55 то 64 солаанд. Фарқи байни истифодабарии занону мардон ҳам хеле зиёд аст. 73 дар сади корбарони тоҷики интернет мард ва 27 дар сади онҳо занон будаанд.

Фариштамоҳ Гулова, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет мегӯяд, ҳоло шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ҷониби тоҷикон бештар ба хотири дарёфти маводу хабарҳои рӯз истифода мешавад. Ба гуфтаи Фариштамоҳ, дар ин шабака кас метавонад пештар аз дигар расонаҳо аз навгониҳои оламу кишвар огоҳ шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони масоили интернетӣ, тайи солҳои ахир Фейсбук дар Тоҷикистон дигар характери тахассуси ва иҷтимоиву ҷиддӣ дорад. Ва ҷавононе, ки бо ҳадафҳои тафреҳӣ ва ошноиву сӯҳбатҳои оддӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд, бештар вориди Одноклассники мешаванд, ки он ҳам миёни истифодабарандагони тоҷики интернет хеле маъруф аст.

Аммо Асомиддин Атоев, таҳлилагрони масоили интернетӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло бо таъсир аз Фейсбук, шабакаи Одноклассники ҳам ба як шабака мубоҳисавӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи оқои Атоев, шабакаи Фейсбук ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз як шабакаи иҷтимоӣ ва фароғатии интернетӣ аст.
Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Аслан таҳлилгарон бар инанд, ки аз Фейсбук дар Тоҷикистон ҷавонони соҳибмаълумот истифода мекунанд ва дар гурӯҳҳои алоҳида аъзо шудаву бо ҳам дар мавзӯҳои мухталиф шурӯъ аз сиёсат то масоили шеъру шоирӣ баҳсу андешаронӣ мекунанд.

Парвиз Ҳикматзода яке аз корбарони фаъоли Фейсбук мегӯяд, бартарии ин шабака дар ин аст, ки ҷавонон метавонанд бо ширкат дар мубоҳисаҳои зиёд донишу ҷаҳонбинии худро васеъ кунад. Парвиз аз соли 2007 вориди ин шабака шудааст. Ӯ мегӯяд, қаблан аз Фейсбук танҳо ба хотири иртиботу муошират бо наздикону дӯстон истифода мебурдааст. Аммо ҳоло ҳадафҳои зиёди дигар дорад: «Дар ин шабака гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки дар он мавзуҳои мухталиф баҳс мешавад. Бо ширкат дар ин баҳсҳо кас метавонад фикронии худро тағйир диҳад. »

Аммо ба ақидаи бархе аз ҷавонон, Фейсбук дар Тоҷикистон ҳам дар ин авохир нуфузи худро ба оҳистагӣ аз даст медиҳад. Ва гурӯҳе аз ҷавонон бо тарки ин шабака ба сомонаву саҳфаҳои наве ворид мешаванд, ки барояшон имкониятҳои осону бештареро фароҳам овардааст.

Гулафшон Соқиева як ҷавони тоҷик мегӯяд, қаблан бештар вақти худро дар Фейсбук сарф мекард, аммо ҳоло ӯ ба ин хулоса омадааст, ки ин шабакаи иҷтимоӣ вақти корбаронро зиёд мегирад ва ӯ ҳоло истифодабарандаи сомонаҳои дигар аст. Аз сӯйи дигар ба қавли Гулафшон имрӯз дар Фейсбук аслан одоби баҳс риоя намешавад ва ба як майдони пур аз алфози қабеҳу дағал табдил ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG