Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар гуфтугуҳо бо Эрон пешрафт ҳосил шудааст


Бино ба гузоришҳо, дар музокирот барои иҷрои созишнома дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон пешрафт ҳосиол шудааст. Баъди ду рӯзи гуфтугӯҳо дар шаҳри Женева, Аббос Арақчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ки мақомоти кишвараш ва Иттиҳодияи Аврупо “роҳи ҳалли ҳамаи ихтилофоти назарро” пайдо кардаанд, вале машваратҳои иловагӣ зарур аст. Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз пешрафт хабар додааст. Намояндагони ин иттиҳодия аз тарафи Амрикову Русия, Фаронсаву Бритониё ва Олмону Чин дар бораи барномаҳои атомиаш бо Эрон музокира мекунанд. Амрико ҳам гуфт, ки дар музокирот пешрафт ҳосил шудааст вале созиши ниҳоӣ ба даст наомадааст. Дар ин гуфтугӯҳо роҳҳои иҷрои созишнома аз рӯзи 24 ноябр баррасӣ мешавад, ки бар асоси он Эрон бояд дар ивази сабук кардани таҳримоти иқтисодӣ, баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро боздорад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG