Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният аз ҳукумати Ироқ ҳимоят кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз талошҳои ҳукумати Ироқ барои пас гирифтани ду минтақа аз дасти тундравонро ҳимоят кард. Шӯро бо нашри баёнияе дар рӯзи ҷумъа, гурӯҳи ифротгарои Давлати Исломии Ироқ ва Левантро барои ишғоли бахше аз шаҳрҳои Рамодӣ ва Фаллуҷа дар вилояти Анбор маҳкум кард. Қабл аз нашри ин баёния, нерӯҳои амниятии Ироқ бо шариконашон аз қабилаҳои сокини Фалуҷҷа ду қисмати ин шаҳрро аз дасти ифротгароён гирифтанд. Бино ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Рамоди ҳам ҷанг бо тундравон идома кардааст ва дар инҷо 22 ифротгарои мусаллаҳ ва се маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Дар рустои Албу Болӣ дар миёни Рамодӣ ва Фалуҷҷа ҳам ҷанг сурат гирифтааст. Тундравони созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант ду ҳафта пеш, шаҳрҳои суннинишини Рамоди ва Фаллуҷаро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG