Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири собиқи Украинаро маҷрӯҳ кардаанд


Юрий Лутсенко, вазири собиқи умури дохилии Украина ва яке аз раҳбарони мухолифони давлат, дар бархӯрд бо маъмурони пулис захмӣ шуда ва ба бемористон афтодааст. Ҳамсари Лутсенко ва Ҳизби Ҷумҳурии Саввуми Украина гуфтанд, ки ӯ рӯзи шанбе дар ҷараёни бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулиси зиддиюриш дар шаҳри Киев ба сараш зарбаи сахте хӯрдааст ва ҳоло дар шӯъбаи бемориҳои вазнин қарор дорад. Додситонии Украина дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бархӯрд дар Киев баъди он сар зад, ки додгоҳи Украина рӯзи ҷумъа 3 нафарро бо гуноҳи қасди таркондани пайкараи Владимир Ленин дар соли 2011 ба 6 солии зиндон маҳкум кард. Бино ба гузоришҳо дар бархӯрдҳои рӯзи шанбе 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Танишҳо дар Украина моҳи ноябр ва баъди он авҷ гирифт, ки раиси ҷумҳур Виктор Янукович аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард.
XS
SM
MD
LG