Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каспер: Хароҷоти Олимпиадаи Сочӣ "сабақи бад" аст


Як узви Кумитаи байнулмилалии олимпӣ изҳор намуд, ки аз сӯи Маскав барои Бозиҳои олимпии Сочӣ харҷ шудани 50 миллиард доллар барои дигар кишварҳо “сабақи бад” хоҳад шуд.

Намояндаи Швейсария дар Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва ҳамзамон раиси Федератсияи байнулмилалии лижаронӣ Ҷон Франко Каспер маблағи барои Олимпиадаи Сочӣ сарфкардаи Русияро "астрономӣ" номид ва афзуд, ки Бозиҳои олимпии Сочӣ "гаронтар" аз Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2008 дар Чин хоҳанд буд. Ва ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи Каспер, таври маъмул, барои Бозиҳои тобистона назар ба Бозиҳои зимистона маблағи бештар сарф мешавад. Ӯ мегӯяд, бештари кишварҳо, аз ҷумла, Швейсария ва Фаронса тавони ихтисоси 50 миллиард доллар барои ташкили Бозиҳои олимпии зимистонаро надоранд.

Бозиҳои олимпии зимистона дар минтақаи Сочии Русия аз 7 феврал то 21 марти соли 2014 идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG