Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар вилояти Анбори Ироқ нерӯҳои ҳукуматӣ дар набардҳо алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом”, ки деҳаи Албу-Балӣ, воқеъ дар байни маркази вилоят Ромадӣ ва шаҳри Фалуҷаро ишғол кардааст, аз танкҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода бурд. Дар ин бора сухангӯи волии Анбор Дарӣ ал-Ришавӣ ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.

Нерӯҳои амниятии Ироқ дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои маҳаллии мусаллаҳи сунниҳо алайҳи мусаллаҳони пайванд бо Ал-Қоида меҷанганд. Дар бораи талафоти ҷонибҳо алҳол иттилое зери даст нест.

Шаҳри Фалуҷа чанд рӯз боз таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” қарор дорад.
XS
SM
MD
LG