Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2013 супурда шуд


Рӯзи 10-уми январ дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и Душанбе мавсими футболи соли 2013 натиҷагирӣ ва маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба беҳтаринҳои сол баргузор шуд.

Дар ин маросим нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими соли гузашта гузориш дод.

Дар гузориши солонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла зикр шудааст, ки хароҷоти ин ташкилоти ҷамъиятӣ соли гузашта беш аз 4 миллион сомониро ташкил дод ва нисфи ин маблағ барои нигоҳ доштани дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон масраф гаштааст. Вале, мутаассифона, соли гузашта тимҳои мунтахаби кишвар, ба ҷуз мунтахаби наврасони то 14-сола, дар мусобиқоти қитъавӣ ноком шуданд.

Дар ин маросим ба тими “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори дувум паиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, ҷому ифтихорнома ва медалҳои тилло супурда шуд. Маъруф Рустамов, сармураббии тими Равшан”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол даста ба бозии интихобии Ҷоми АФК–2014 бо тими “Ал Ярмук”-и Яман, ки рӯзи 2-юми феврал баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дар ин маросим дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Хайр»-и Ваҳдат барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Эсхата”-и Хуҷанд ва Далерон-Ӯротеппа-и Истаравшан мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои ФФТ супурда шуд. Дилшод Восиев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”, бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2013” сарфароз гашт. Ҳамдастаи ӯ Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ” (11 гол) мукофотонида шуд.

Инчунин Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабон, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”) беҳтарин нимҳимоятгар, Мизобек Мирзоев (“Хайр”) беҳтарин ҳамлагар, Рустам Хоҷаев (“Хайр”) беҳтарин мураббӣ, Раҳмон Муртазоев (Душанбе) беҳтарин довар, Дэвид Мауто (“Равшан”) беҳтарин легионер, Фарҳод Восиев (“Газовик”-и Оренбург, Русия) беҳтарин футболбози тоҷик, ки дар мусобиқоти кишварҳои дигар бозӣ мекунад, дониста шуданд ва бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд.

Ба ғолибони номинатсияҳо аз рӯи футболи кӯдакону наврасон, футболи занона ва футзал низ ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид. Дар ин маросим, ҳамчунин, собиқадорони футболи тоҷик бо тӯҳфаҳои Федератсияи футболи кишвар қадрдонӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG