Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Кобул аз куштори як кӯдак дар Ҳилманд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки сарбозони амрикоӣ тасодуфан як писараки 4-соларо ҳадафи тир қарор доданд. Умар Зувак, сухангӯи волии вилояти Ҳилманд, гуфт, ки амрикоиҳо кӯдакро рӯзи чаҳоршанбе бар асари туман ва иштибоҳӣ паррондаанд.

Як намояндаи ҳайати фармондеҳии НАТО ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки ин ҳодиса тафтиш мешавад ва барои ҷилавгирӣ аз талафоти минбаъда миёни сокинони осоишта чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд. Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, Кобул талаб намудааст, ки ба хотири пешгирии куштори мардуми осоишта амалиёти низомии нерӯҳои хориҷӣ дар рустоҳо ва манзили мардум қатъ карда шавад.

Равобити Вошингтону Кобул баъд аз он дубора сард шуд, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз имзои фаврии созишномаи амниятӣ миёни ду кишвар сарпечӣ кард. Бар пояи ин санад, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар поёни соли равон, тақрибан 15 ҳазор афсару сарбози ИМА ба тамрини низомиён ва нерӯҳои амниятии афғон машғул хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG