Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандии Гуантанамо маҳбасро тарк мекунад


Комиссиюни ҳукуматии ИМА дар бораи аз маҳбаси махсуси Гуантанамо озод кардани шаҳрванди 33-солаи Яман Маҳмуд Муҷоҳид тасмим гирифт. Шаҳрванди яманӣ аз соли 2002 ба ин сӯ бидуни эълони иттиҳом дар ин маҳбас нигаҳ дошта мешуд. Гуфта мешавад, ки ӯ замони боздошт аъзои “Ал-Қоида” ва муҳофизи Усома бин Лоден буд.

Маҳмуд Муҷоҳид аввалин бандии Гуантанамо мебошад, ки парвандаи ӯ аз сӯи комиссиюни махсуси таъсис кардаи раисиҷумҳур Барак Обама ба хотири бастани ин маҳбас, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар зиндони Гуантанамо 155 нафари гумонбар дар терроризм нигаҳ дошта мешаванд.

Комиссияи ҳукуматӣ ба қароре омад, ки аз ин баъд Маҳмуд Муҷоҳид ба амнияти мардум хатари ҷиддие надорад.
XS
SM
MD
LG