Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз ҳукумати Фаронса хост, ки аз истирдоди сармоядори қазоқ Мухтор Аблязов ба Русия ё Украина ҷилавгирӣ кунад. Дар изҳороти созмон гуфта шудааст, “мо нафақат аз он нигаронем, ки Аблязов дар Русия ё дар Украина мавриди баррасии одилонаи додгоҳ қарор намегирад, балки шояд ӯро ба Қазоқистон истирдод кунанд ва он ҷо шиканҷа шавад”.

Аз ин пеш дигар созмони байнулмилалӣ Human Rights Watch ҳам ин гуна изҳорот нашр карда буд.

Мухтор Аблязов аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар он айбдор мешавад, ки миллионҳо доллари БТА-банкро ба хориҷа интиқол додааст.

Рӯзи панҷшанбе як додгоҳи Фаронса дар бораи истирдоди Аблязов тасмим гирифт. Мухтор Аблязов иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ӯро рақиби ҷиддии сиёсии худ мешуморад ва аз ин рӯ таъқибаш мекунад.
XS
SM
MD
LG