Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасорати наврас садҳо нафарро наҷот дод


Полиси вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон хостори ба мукофоти олии давлатӣ пешбарӣ кардани наврасе шуд, ки бо баҳои ҷони худ аз ҳамлаи террористӣ дар мактаб ҷилавгирӣ кардааст. Рӯзи панҷшанбе Аитзаз Ҳасани 15-сола дар назди дарвозаи як мактаби вилояти Хайбар Пахтунхва мардеро нигаҳ дошт, ки мехост худро миёни толибилмон инфиҷор кунад. Маргталаб худро тарконид ва Аитзаз Ҳасан ҷароҳати сангин бардошта, дар бемористон ҷон дод. Дар ин ҳодиса ба ягон каси дигар осеб нарасидааст.

Раиси полиси вилоят Носир Хон Дурроӣ изҳор намуд, ки ҷасорати наврас ҷони садҳо толибилмонро наҷот додааст.

Муҷоҳид Алӣ Бангаш, падари Аитзаз Ҳасан, гуфт, аз он ки писараш ҷони худро барои ватанаш нисор кардааст, ифтихор мекунад.
XS
SM
MD
LG