Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо се намояндаи НАТО ҷон бохтанд


Дар шарқи Афғонистон бар асари суқути ҳавопаймои ҷангӣ се намояндаи НАТО – ду низомӣ ва як корманди мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороти ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон дар бораи сабабҳову макони суқути ҳавопаймо ва ҳуввияти қурбониён чизе гукфта нашудааст. Аммо расонаҳои амрикоӣ иттилоъ додаанд, ки ҳар се нафар шаҳрвандони ИМА буданд.

Чанд рӯз пеш намояндаи НАТО дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаи "Толибон" қарор гирифтани чархболи lackhawk дар рӯзи 17 декабрро тайид кард. Дар он ҳодиса шаш низомии амрикоӣ ҷон бохта буданд. Аз ин пеш вазорати дифои ИМА гуфта буд, ки дар бораи аз сӯи толибон маҳв шудани чархбол иттилое надоранд.
XS
SM
MD
LG