Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазои мусоид роҳи парвозҳоро дар фурудгоҳ боз кард


Фурудгоҳи Душанбе, ки бар сари фаромадани туман дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ба вуҷуд омда буд, тақрибан ба ҳолати маъмулии худ баргашт.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо мӯътадил шудани фазои мусоид ва бо пароканда шудани туман, рейси №203 Душанбе-Санкт Петербург, ки аз соати 21-30 и дирӯз тавақуф карда буд, аз сар гирифта шуд. Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳои самти Душанбе-Маскав низ анҷом шуданд ва дар толори интизорӣ таҷаммуи мардум коҳиш ёфта, ҳамаи мусофирон аз рӯи ҷадвали хатсайрҳо парвоз мекунанд. Ба қавли ҷаноби Шодиев, феълан бинобар мушкили фаннӣ, хатти сайри «Москва (Внуково)- Душанбе» алъон дар Хуҷанд қарор дорад.

Бинобар фаромадани туман, аз шаби гузашта дар ҷадвали парвозҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тағйирот ворид гардида буд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе субҳи рӯзи 10-уми январ бар Радиои Озодӣ гуфта буд, "ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад. Аксари ҳавопаймоҳое, ки ҷониби фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд нишастанд."

Ба гуфтаи манбаъ, рейси №203 Душанбе-Санкт Петербург, ки бояд соати 21:30 парвоз мекард, алъон дар Душанбе, рейси №114 хатсайри Урумчи – Душанбе, ки бояд соати 22:30 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Хуҷанд,
рейси №6019 хатсайри Урумчи-Душанбе, ки бояд соати 23 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Урумчи, рейси № 202 Москва (Домодедово)-Душанбе, ки бояд соати 24 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд, рейси №803 Москва (Внуково) –Душанбе, ки бояд соати 03.01.2014 менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд, рейси №885 Санкт Петербург-Душанбе, ки бояд соати 1:00 фуруд меомад, дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд қарор доранд.

Обуҳавошиносон гуфта буданд, тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то наздикиҳои зуҳри имрӯз боқӣ мемонад. Мақомоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфта буд, бо барканор рафтани туман, қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳанд шуд.

Аз ин қабл, дар таърихи 5-уми декабр ва ба дунболи барфи аввал, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе самти бархе аз парвозҳоро дигар карда буд. Масъулон фурудгоҳ тағйири самти парвозҳоро ба бад шудани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол, фаромадани туман ва боридани барф рабт дода буданд.
XS
SM
MD
LG