Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Хоманеӣ роҷеъ ба музокироти ҳастаӣ


Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон мегӯяд, музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ “душманӣ”-и Амрико бо Ҷумҳурии Исломӣ собит кард. Ин суханони Хоманеиро рӯзи панҷшанбе ожонси хабарии Ҷумҳурии Исломӣ қабл аз чанд соати оғози музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар Женев нашр кард. Вай дар ин суханонаш гуфтааст, Эрон барои он роҷеъ ба музокира бо Амрико тасмим гирифт, ки аз “зиёни он” пешгирӣ кунад.

Ҳадафи музокироти Женев баррасии роҳҳои ҳали тавофуқоти давраи гузор роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон мебошад. Ин тавофуқоти қаблӣ моҳи ноябр ба даст омада буд. Бар асоси он Эрон аз баъзе фаъолиятҳои ҳастаиаш худдорӣ мекунад ва дар иваз таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG