Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ даргириҳо бар зидди тундравҳо идома дорад


Даргириҳо дар вилояти Анбори Ироқ идома дорад. Дар ин вилоят нируҳои амниятӣ ва ҷонибдорони раҳбарони қабоил бо тундравҳое, ки бо шабакаи Ал Қоида иртибот доранд, вориди даргирӣ шудаанд.

Дар ин даргириҳо тонкҳо аз нируҳои амниятӣ ҳимоят мекунанд ва он дар минтақае дар байни шаҳрҳои Фалуҷа ва Рамодӣ идома дорад. Бино ба гузоришҳо, дар ин ду шаҳр даргириҳо рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуда буд ва бахше аз ин ду шаҳрро тундравҳо ҳафтаи гузашта ба контроли худ дароварда буданд.
XS
SM
MD
LG