Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи обҳои минтақа дар мулоқоти Мирослав Йенча бо вазири корҳои хориҷӣ


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ Мирослав Йенча дар масъалаи обҳои фаромарзии Осиёи Миёна сӯҳбат кардаанд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 9-уми январ хабар доданд, ки дар мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ ва Намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ, роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча, ҳамчунин масъалаи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва вазъият дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мирослав Йенча, рӯзи 9-уми январ ба Душанбе ташриф овард ва қарор аст ду рӯз дар Тоҷикистон бимонад ва бо чанде аз масъулони ҳукуматӣ дидору гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG