Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ифтитоҳ мешавад


Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 10-уми январ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд ва дар расми ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат мекунад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангуи президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъа маросими расмии ифтитоҳи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва президент онро ифтитоҳ хоҳад кард.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Карамов, баъди тармим метавонад дар як шабонарӯз то 6,5 миллион киловатт-соат ва дар як сол то 2,3 миллиард киловатт-соат барқ диҳад.

Аммо коршиносон мегӯянд бо назардошти он ки норасоии нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо иттифоқ афтода, марказ ҳамчунин бояд гармӣ низ диҳад, ин марказ ба системаи барқи Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 300 миллион киловатт-соат барқ дода метавонад.

Тармими ин марказ соли 2009 шурӯъ шуда буд. Ин марказро ширкати «ТВЕА»-и Чин дар асоси созишномааш бо вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо усули «сармоягузорӣ ба ивази захираҳои табиӣ» тармим мекард.
XS
SM
MD
LG