Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои иртибот бо вазири дифоъ суроғаи интернетӣ таҳия шуд


Ба хотири иртиботи мустақим бо мардуми кишвар суроғаи интернетии вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо vaziri.mudofia@tajnet.tj таҳия шудааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯз 9-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон барои иртиботи мустақим бо мардум ва онҳое, ки мехоҳанд суол диҳанд ва ё арзу шикоят дошта бошанд метавонанд бо ин суроғаи электронӣ (vaziri.mudofia@tajnet.tj) муроҷиат кунанд.

Ба нақли Фаридун Маҳмадалиев вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дар утоқи кории худ компутери ҳамеша васл бо интернет дорад ва пайваста аз тариқи интернет бо сомонаҳои хабарӣ ошно мешавад. Иқдоми мазкур ба хотири он гирифта шудааст, ки имрӯзҳо дар ҷомеъа дар робита ба вазъи хизмати ҳарбӣ ва ба масъалаҳои мухталифи артиши Тоҷикистон суолҳои зиёде ҳаст, ки мардум, ба вижа намояндагони васоити ахбори умум мехоҳанд дар робита ба масъалаҳои мазкур посухи саривақтии онро дастрас кунанд.

Дар моҳи ноябри соли равон президенти Эмомалӣ Раҳмон зимни тағироти кадрӣ дар мақомоти кишвар Шералӣ Мирзоро, ки то ин муддат сарварии Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба зимма дошт дар симати вазири дифоъи Тоҷикистон ба ҷои Шералӣ Хайруллоев мансуб кард.

Ҳамин тавр Вазорати дифоъи Тоҷикистон баъди 18 сол аз таҳти раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, қадимтарин вазири кабинаи Эмомалӣ Раҳмон таҳти назари Шералӣ Мирзои 46-сола гузашт.
XS
SM
MD
LG