Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз интиқоди режими Асад пешгирӣ кард


Шӯрои Амният

Шӯрои Амният

Русия аз талошҳои Шӯрои Амнияти СММ барои интиқод аз режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия пешгирӣ кард. Британия пешнависи як эъломияро дар Шӯрои Амният мунташир сохт ва дар он аз ҳамлаҳои нируҳои ҳукуматӣ ба шаҳри Ҳалаб интиқод шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ аз 15 декабр ба ин сӯ бештар аз 700 нафар ба қатл расидаанд ва тақрибан 3000 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузориҳо аз қавли намояндагони дипломатӣ навиштаанд, ки Русия дар пешнависи ин эъломия иловае ворид кардааст ва ин илова мазмуну мундариҷаи эъломияро дар бораи рӯйдодҳои Ҳалаб тағир додааст.

Русия, ки аз Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад, 19 декабр низ аз чунин эъломия пешгирӣ карда буд. Ин эъломия аз ҳамлаи нируҳои ҳукуматӣ ба шаҳрвандон интиқод мекард. То ҳол Русия ва Чин ба се қатънома, ки аз Асад интиқод мекард, вето гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG