Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди ду президенти Покистон парванда боз шудааст


Осиф Алӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури пешини Покистон рӯзи панҷшанбе дар Исломобод ба додгоҳи зидди ришвахорӣ ҳозир шуд. Вайро барои ришвахориҳои солҳои 1990, ки миллионҳо долларро ташкил медиҳад, гунаҳгор медонанд.

Даҳҳо нафар ҷонибдоронаш аз вай дар додгоҳ пазироӣ карданд ва дар даст аксҳову шиорҳо доштанд. Баъд аз ҷаласаи мухтасар тасмим гирифта шуд, ки мурофиа 18 январ идодма ёбад. Иттиҳомоте, ки ба Зардорӣ иртибот дода мешавад бозпардохт, пулшӯӣ ва сохтмони ғайриқонунии майдони чавгонбозӣ дар иқоматгоҳи расмии нахуствазири Покистон будааст. Ин майдон дар давраи нахуствазирии хонумаш Беназир Бҳутто сохта шудааст.

То замоне, ки Зардорӣ мақоми раёсати ҷумиҳуриро бар уҳда дошт, аз масъунияти раёсати ҷумҳурӣ бархурдор буд ва баъд аз хатми раёсаташ мурофиаи парванда оғоз шудааст.

Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини дигари Покистон низ барои хиёнат ба додгоҳ кашонда шудааст. Вай то ҳол ба сабаби беморӣ ба додгоҳ ҳозир нашудааст.
XS
SM
MD
LG