Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Байден бо Моликӣ роҷеъ ба Анбор


Ҷо Байден

Ҷо Байден

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ин ҳафта бори дуввум бо Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ сӯҳбат ва аз талошҳои Бағдод барои дубора ба даст овардани контрол бар шаҳри Фалуҷа ҳимоят кард. Ин шаҳр ҳоло дар контроли афроди ҷонибдори Ал Қоида қарор дорад.

Кохи Сафед мегӯяд, Байден Моликиро ташвиқ кардааст, ки музокира бо раҳбарони маҳалливу қабоил ва миллиро идома диҳанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, Моликӣ дар мавриди вилояти Анбор аз як силсила ташаббусҳои сиёсӣ ном бурдааст.
Байден аз тасмими Шӯрои вазирони Ироқ дар мавриди кӯмакҳои давлат ба нируҳои қабоил, ки дар даргириҳо бо афроди Ал Қоида кушта ва ё захмӣ шудаанд, ҷонибдорӣ кард.

Рӯзи чаҳоршанбе Моликӣ аз размандагони бахши Ал Қоидаи Ироқ хост, ки Фалуҷаро тарк кунанд, вагарна мавриди ҳамла қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG