Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари намояндаи вижаи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон


Намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ, роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча рӯзи 9-уми январ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ дар сомонаи худ навиштааст, Мирослав Йенча давоми ду рӯз дар Тоҷикистон мемонад ва дар назар аст бо чанеде аз масъулони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунанд. Тобистони соли гузашта Мирослав Йенча дар Шӯрои Амнияти СММ гуфта буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро ба поён мерасонад ва Созмони Милали Муттаҳид механизми нави ҳуқуқии истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказиро омода кардааст.
XS
SM
MD
LG