Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тармими нақби «Истиқлол» аз сар гирифта шуд


Нақби "Итиқлол". Августи соли 2011.

Нақби "Итиқлол". Августи соли 2011.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», воқеъ дар шимоли ин кишвар хабар дод, ки ахиран рафту омад дар ин нақб мушкил шуда буд.

Масъулони дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 9-уми январ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки тармиму бозсозии фарши нақби «Истиқлол» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ сурат мегирад. Зеро ба гуфтаи ин масъулон аз баъзе ҷойҳои фарши нақб об ҷорӣ мешавад ва ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст.

Ин манбаъ меафзояд, ки идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ ба тахту ҳамворсозии роҳи дохили нақб оғоз кардааст ва ҳоло 700 метри фарши нақб таҷдид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бо дар назардошти вазъи нигаронкунандаи нақб, ки манотиқи маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, ахиран Хайрулло Асоев, вазири нақлиёт ин мавзуъро бо сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Садрӣ матраҳ карда ва гуфтааст, ки «агар корҳои бозмондаи нақб дар зимистон анҷом дода нашаванд, иҷрои ин корҳо дар тобистон мушкилтар хоҳад шуд. Зеро дар зимистон бинобар сардӣ ва ях кардани об тарқишҳои нақб баста буда, корҳои таъмиру тармимро осонтар мекунад.»


Дар моҳи ноябри соли равон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон иборат аз коршиносони «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию кофтуковӣ», «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода», намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ширкати «Барқи Тоҷик», Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи роҳдорӣ, ва намояндагони Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон, ширкатҳои паймонкори «Фароб», «Собир», «Садд ва нақби Порс», дар як нишаст масъалаи анҷоми пурраи ин нақбро ҷиддан баррасӣ карданд.

Ҳабиб Давлатов, намояндаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки мутахассисони вазорати нерӯи Эрон ба баррасии вазъи фаннии нақби “Истиқлол” пардохтаанд ва бояд ҳаҷми маблағе, ки барои анҷоми пурраи техникии он зарур аст, мушаххас шавад.

23 марти соли 2006 нақби “Истиқлол”, ки дар ибтидо аз он тунели “Уштур” ном бурда мешуд дар зери гарданаи Анзоб кушоиш ёфт. Сохтмони нақби мазкур, ки дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсию иқтисодӣ мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кӯмаки ройгони Эрон ба Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG