Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА маҳвсозии беш аз ҳазор силоҳро дар Тоҷикистон зери назорат гирифтааст


Намояндагии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон рафти маҳв кардани беш аз ҳазор силоҳҳои оташфишон, ки аз шаҳрвандон ва махфигоҳҳо ёфт шудааст зери назорат гирифтааст. Тавре аз дафтари САҲА дар Душанбе, хабар додаанд, нобудсозии силоҳҳои оташфишон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат мегирад. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба вазорат техникаи махсус барои маҳв кардани силоҳҳо тақдим кардааст. Гуфта мешвад давоми ду ҳафта мутахассисони вазорати корҳои дохилӣ ҳудуди 1165 силоҳро нобуд мекунанд.
XS
SM
MD
LG