Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазорати умури дохилии Туркия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки дар чаҳорчӯби амалиёти густурдаи зидди фасод ахиран боз 15 тан аз афсарони аршади полиси шаҳрҳои бузург ва вилоятҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, аз ҷумла, Измир, Анталия ва Диёрбоғир, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Аз ин пеш дар чаҳорчӯби ин амалиёт тақрибан 350 тан аз афсарони полиси Анқара аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, миёни барканоршудагон раҳбарону масъулини раёсатҳои мубориза бо ҷиноёти молиявӣ, ҷиноёти компютерӣ ва ҷиноёти созмонёфта дар полиси пойтахт низ буданд. Аз миёнаҳои моҳи декабр, ки тафтиши густурдаи далелҳои фасод дар полис оғоз ёфт, садҳо нафар аз мақом барканор ё ба мақомҳои дигар таъин шуданд.

Тасмими ахир дар ҳоле гирифта мешавад, ки охирҳои соли гузашта баъди ошкор шудани фасод дар долонҳои ҳукумат чанд тан аз вазирҳо ба истеъфо рафтанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, амалиёти зидди фасоди вазорати умури дохилиро чун “тавтеъаи ифлос” ва талоши аз қудрат барканор кардани ҳукуматаш арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG