Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Мурсӣ мавқуф гузошта шуд


Мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ то рӯзи 1 феврал мавқуф гузошта шуд. Қарор буд мурофиа рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳира баргузор шавад. Хабаргузориҳо аз қавли додраси додгоҳ навиштаанд, ки вазъи номусоиди ҳаво садди роҳи овардани раҳбари пешин ва ҳаммаслаконаш аз зиндон то толори додгоҳ гардид.

Муҳаммад Мурсӣ ва 14 тан аз ҳаммаслакони ӯ дар таҳрик додан барои куштори эътирозгарон дар моҳи декабри соли 2012 айбдор мешаванд. Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба ҳамаи онҳо ҳабси абад таҳдид мекунад. Барои таъмини амнияти мурофиаи додгоҳӣ аз чораҳои шадид кор гирифта шудааст.

Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи демократии раёсатҷумҳурӣ, ки баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак баргузор шуд, пирӯзӣ ба даст овард. Расо баъд аз як сол дар Миср эътирозҳои нав алайҳи “Ихвон-ул-муслимин” шурӯъ шуданд – ҷонибдорони ҷунбиш ҳамаи мақомҳои калидиро дар ҳукумати Миср таҳти назорат гирифтанд. 3 июли соли 2013 низомиён Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор ва баъд аз чанд рӯз ӯро боздошт карданд.

Мурофиаи додгоҳии Мурсӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи ноябр оғоз ёфт ва аммо чанд бор бо далелҳои гуногун ба вақти дигар гузаронида шуд.
XS
SM
MD
LG