Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мудири як ширкат барои аз худ кардани маблағҳои будҷа


Кормандони Оҷонсии зидди коррупсия мудири як ширкатро боздошт кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо ходимони мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҷиргатол маблағҳои буҷаи ноҳияро аз худ кардааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 8-уми январ иттилоъ дод, ки кормандони ин ниҳод дар минтақаи Рашт Маҳкамов Ботиралӣ, мудири ширкати саҳомии “Ҷиргатол”-и ноҳияи Ҷиргатолро боздошт кардаанд, ки бо изофанависӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо мансабдорони мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамин ноҳия, 287 ҳазор сомониро аз буҷаи ноҳия аз худ кардааст. Кормандони Оҷонсӣ аз худкардани маблағи мазкурро зарбаи ҷиддӣ ба буҷаи як ноҳияи дурдаст арзёбӣ мекунанд. Оҷонсӣ дар шарҳи ин масъала аз фош кардани ходимони ҳокимияти ноҳия, ки бо мудири ин ширкат «ҳамкорӣ» кардаанд, худдорӣ мекунад. Феълан алайҳи мудири ширкати «Ҷиргатол» Ботиралӣ Маҳкамов ва ходимони ҳукумати ноҳия тибқи моддаи 245 қисми 4, яъне аз худнамудани маблағ дар ҳаҷми махсусан калон, парванда боз карда шудааст. Зимнан, Оҷонсии зидди фасод иттилоъ медиҳад, ки Ботиралӣ Маҳкамов маблағи 287 ҳазору 185 сомонииро, ки бо изофанависӣ аз худ карда буд, баргардонидааст.
XS
SM
MD
LG