Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ" то соли 2017 тамдид шуд


Вакилони парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» тағйирот ворид карданд ва муҳлати амалишавии онро то соли 2017 тамдид кардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз рафти ҷаласаи парлумон, ки рӯзи сешанбеи 8-уми январ баргузор шуд, хабар дод, ки вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, зимни пешниҳоди ин лоиҳа дар парлумон зарурати тамдиди онро то соли 2017 дар кабудии молӣ арзёбӣ кардааст.

Ҳамакнун бори дувум аст, ки ба қонуни мазкур тағйирот ворид карда ба солҳои баъдӣ тамдид карда мешавад. Қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ" соли 2008 қабул шуда буд, вале то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтааст. Бори нахуст то аввали соли 2014 ин қонунро тамдид карда буданд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва намоянда аз Ҳизби наҳзати исломӣ қабл аз тасдиқи лоиҳа ба вазири тандурустӣ суол дод, ки бори 2-ум тамдид мешввад, то куҷо кафолат аст, ки соли 2017 боз пешниҳоди тамдид сурат намегирад? Дар посух ба ин суол вазири тандурустӣ гуфт, дар ин росто бо вазорати молия ва дигар вазоратҳои марбута ҳамоҳангӣ ҷараён дорад ва интизор аст ин қонун дар соли 2017 амалӣ шавад.
XS
SM
MD
LG