Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи шаш ҷасад дар оромгоҳи сӯфиҳои Қарочӣ


Полиси Покистон дар бораи ошкор шудани шаш ҷасад дар мақоми муқаддаси Суфияи шаҳри Қарочӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ҳамроҳ бо ҷасадҳо бо гулӯи бурида дар назди оромгоҳи Аюйбшоҳи Баҳорӣ ҳушдоре аз номи Толибони Покистон пайдо шуд, ки дар он аз паёмадҳои номатлуби зиёрати ин оромгоҳ ҳушдор дода шудааст.

Мусаллаҳони Толибон ҷараёни тасаввуф ва зиёрати суфиҳои бузургро маҳкум мекунанд ва онро мухолифи ваҳҳобиямехонанд.

Аз ин пеш Толибон борҳо дар ҳамлаҳо ба зиёратгарони орормгоҳҳои аҳли тасаввуф айбдор шуда буданд.
XS
SM
MD
LG