Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, барои санҷиш ба бошгоҳи «Жетису»-и Қазоқистон даъват шудааст.

Ин футболбози 23-солаи тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар дастаҳои лигаи олӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Истаравшан»-и Истаравшан бозӣ карда, чаҳор гол задааст.

Фарҳод Тоҳиров ба сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки вай рӯзи 6-уми январ ба Туркия омада, дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи «Жетису»-и Талдиқӯрғон ширкат дорад. Дар мавриди аз санҷиш бомуваффақият гузаштан бо футболбози тоҷик қарордод баста мешавад.

Фарҳод Тоҳиров 29-уми майи соли 1990 таваллуд шудааст. Қадаш – 178 см, вазнаш – 68 кг. Дар дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Истиқлол» (Душанбе), «Андиҷон» (Узбакистон) ва «Истаравшан» (Истаравшан) бозӣ кардааст.

Вай дар ҳайати «Истиқлол» ду бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. Аз соли 2011 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон 15 бозӣ карда, як гол задааст. Вай, инчунин, дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Сингапур барандаи медали биринҷии гардида, соли 2007 дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки бошгоҳи «Жетису» дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунад ва соли 2011 барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ин кишвар гардидааст. Дар ҳайати «Жетису», ки ба он Омари Тетрадзе, собиқ ҳимоятгари маъруфи мунтахаби Русия, раҳбарӣ мекунад, соли гузашта ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев бомуваффақият бозӣ кардааст. Эргашев низ дар ҳамин ҳол дар Туркия мебошад. Ӯро се бошгоҳ даъват намудаанд ва рӯзҳои наздиктарин вай тасмим мегирад, ки дар кадоме аз онҳо бозӣ хоҳад кард.

Дарвоқеъ, дар айни ҳол дар Туркия боз ду бозигари тими миллии Тоҷикистон тамрин мекунанд. Ҳимоятгари «Истиқлол» Аҳтам Назаров дар ҳайати «Иртиш»-и Павлодар (премйер-лигаи Қазоқистон) ва нимҳимоятгари «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев дар ҳайати «Қайсар»-и Қизилӯрда (лигаи аввали Қазоқистон) аз санҷиш мегузаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG