Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷрибаи номуваффақи нанотехнологияи тоҷик. Чаро?


Хурсанд Ёров.
Хурсанд Ёров.

Хурсанд Ёров, ҷавонтарин донишманди фановариҳои нанотехнологии тоҷик, ки ният дошт зарраҳои нанотехнологиро дар тиб кашфу истифода намояд, ҳоло ба ин орзӯяш наздик мешавад.

Пас аз чандин соли талошу ноумедиҳо, дар соли 2013 ӯ тавонист барои омӯзиши ин илм ба Маскав биравад. Ҳоло ӯ дар Донишгоҳи Маскав дар факултае, ки ба илми нанотехнология наздик, аст таҳсил мекунад. Маблағи солонаи таҳсил дар ин факулта даҳ ҳазор доллар аст, аммо Хурсанд имкон ёфт ройгон ин илми ҷадидро аз худ кунад.

Маҳз ин ҷавон, Хурсанд Ёров сабаб шуда буд панҷ соли қабл дар Тоҷикистон, дар назди Донишгоҳи техникӣ гурӯҳи нанотехнологҳо таъсис ёбад. Пас аз ғолибияти ӯ дар соли 2008 дар яке аз озмунҳои байналмиллалии илми нанотехнология дар Маскав, дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳи вижаи омӯзишӣ нанотехнология таъсис ёфт.

Хурсанд чун ғолиби озмун имкони идомаи таҳсил дар Донишгоҳи Маскавро дошт, аммо дар Тоҷикистон аз ӯ даъват шуд, то наравад ва дар гурӯҳи навтаъсиси нанотехнологҳо таҳсил кунад. Ӯ монд, аммо таҳсили донишҷӯёни ин гурӯҳ, ки интизор буд чун нахустин нанотехнологҳои тоҷик омода шаванд, бо сабаби набуди мутахассисони соҳаи нанотехнология то ба охир нарасид ва ин таҷриба ҳам номуваффақ анҷом ёфт.

Донишҷӯёни ин гурӯҳ, ки ҳамагӣ донандагони хуби илмҳои дақиқ буданд, дар нимароҳ монданд ва бо истифода аз роҳу имконоти худ барои таҳсил бархе ба хориҷ аз кишвар рафтанд ва бархе ҳам таҳсилро дар ихтисоси дигари донишгоҳ идома доданд. Хурсанд дар Тоҷикистон монд, талошҳои чандинкаратааш барои сафар ва таҳсил ба Маскав дигар бенатиҷа анҷом меёфт. Аммо соли 2013 бо ба даст овардани дипломи донишгоҳ тавонист ба орзӯяш бирасад. Ахиран бо Хурсанд як сӯҳбати телефонӣ доштем ва нахуст аз пурсидем, ки чӣ тавр билохира тавонист ба ҳадаф бирасад.

Хурсанд Ёров: Дар шаҳри Маскав олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фаннӣ химия баргузор шуд ва ман ба ҳайси роҳбар омадам бо онҳо ва инҷо якбора имтиҳон барои таҳсил дар магистратура супурдем. Муваффақ шудаму дохил шудам, ҳоло дар курси яки бахши магистратура таҳсил дорам. Албатта ҳамсабақонам, ки 4 сол дар ин факулта таҳсил кардаанд, аз ман фарқ дорад. Ин ҷо албатта калимаи таҳсилу хондан ба маънои аслиш истифода мешавад. Ин ҷо хондан дар авҷ аст.

Озодӣ: Гуфтед, дониши онҳо аз шумо фарқ мекунанд. Бо чӣ? Дар ин кишвар шумо дар таҳсил чӣ мушкил доред?

Хурсанд Ёров: Мушкили аслӣ ин таҷрибаи лабараторӣ буд. Вақте ман аввалин бор як прибора мебинам, чӣ хел метавонам онро истифода кунам? Вақте чизҳои оддиро намедонӣ, шарм медорӣ. Ман, масалан, бисёр рӯҳан азоб кашидам аз ин ҷиҳат. Хуб, ин ҷо ҳар гуна одамҳо ҳастанд. Баъзе албатта хайрхоҳ, вале гурӯҳи дигар албатта пас мезананд ва албатта аламовар аст. Албатта ман ҳаракат кардам, дар бархе маворид исбот кардам, ки мо ҳам бедониш нестем.

Озодӣ: Ҳоло чӣ нақша доред, имкон ёфтеду ба Маскав рафтед барои таҳсил. Оё метавон интизор шуд шуморо ҳамчун як олими соҳаи нанотехнология дар Тоҷикистон?

Хурсанд Ёров: Ин саволе аст, ки ман ҳам ба худ медиҳаму ба он посух меҷӯям. Аммо Ҳилолӣ хуб гуфтааст:

Вақте, ки ба баҳр ошноӣ,
Аз чашма чаро кунам гадоӣ.

Албатта вақте шароити таҷрибавӣ ва илмии ин ҷоро мебинӣ, агар хоҳӣ ҳам наметавони равӣ. Чун айни ҳол ин соҳа дар мо тараққиёташ ғайриимкон аст. Барои як таҷрибаи оддиро гузаронидан як дастгоҳе лозим аст, ки нархаш хеле гарон аст, масалан як прибор барои таҷрибагузарони дар нанотехнология беш аз 1 миллиард доллар арзиш дорад. Фикр кунед, ки барои давлати мо ин чизҳо ғайриимкон аст ва манфиате, ки ин дастгоҳ меорад шояд барои Тоҷикистон чандон муҳим набошад. Тоҷикистон ҳоло дар фикри чизҳоест, ки тавонад зудтар фоида орад. Аммо Руссия, ки аз аввал яке аз давлатҳои пешрафта дар соҳаи илм буд, намехоҳад, ки ин мақоми худро поин барад. Чунин шароит дар Тоҷикистон шояд дар даҳсолаҳои наздик фароҳам оварда нашавад. Ва оянда ҳоло дақиқ наметавонам бигӯям. Шояд дар Маскав бимонам ва шояд ба ҳам ба кишваре дигаре равам. Агар дар илм монам, фаъолиятам дар Тоҷикистон ғайриимон аст. Вале агар фикрамро дигар кунаму пажӯҳишҳои илмиро як сӯ гузорам, шояд дар он сурат баргардам ба кишвар.

Озодӣ: Оё имкони аз илм берун рафтанатон ҳам ҳаст? Дар хотир дорам, шумо нақша доштед, ки бо даст додани имконият ва таҳсил дар ин соҳа илми нанотехнологияро дар тиб истифода баред дуруст?

Хурсанд Ёров: Ҳоло ман маҳз дар ҳамин самт кори илмӣ дорам. Ман наназарраҳое синтез мекунам, ки барои пайдо кардани баъзе моддаҳо дар ҷисми инсон истифода мешавад. Албатта ин кори як сола ду сола нест ва дар ин самт бояд зиёд кор кард. Аммо дар маҷмӯъ, бале, ман мехоҳам нанозарраҳоро дар тиб истифода барам ва дар ин соҳа як навоварӣ ворид созам. Паёмам ба ҷавонон ҳам ин аст, ки талош кунанд ҳар лаҳзаи ҳайёти худро чун як имконияти нав истифода кунанд ва ҳаракат кунанд, ки ҳар рӯз як чизи нав омӯзанд.
XS
SM
MD
LG