Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории садҳо афсарони полиси Анқара аз мақом


Дар Анқара тақрибан 350 тан аз афсарони аршади полис аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба иттилои хабаргузории хусусии Dogan News, шаби гузашта фармони ҳукумат дар ин бора нашр шуд ва миёни барканоршудагон раҳбарону масъулини раёсатҳои мубориза бо ҷиноёти молиявӣ, ҷиноёти компютерӣ ва ҷиноёти созмонёфта дар полиси пойтахт низ ҳастанд.

Шабакаи телевизионии туркии NTV хабар дод, ки ба ҷойи онҳо аллакай кормандони полис аз дигар манотиқи Туркия таъин шуданд.

Аз миёнаҳои моҳи декабр, ки тафтиши густурдаи далелҳои фасод дар полис оғоз ёфт, садҳо нафар аз мақом барканор ё ба мақомҳои дигар таъин шуданд.

Тасмими ахир дар ҳоле гирифта шуд, ки охирҳои соли гузашта баъди ошкор шудани фасод дар долонҳои ҳукумат чанд вазир ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG