Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ хостори рондани тундравҳо аз Фалуҷа шуд


Нурӣ ал Моликӣ
Нурӣ ал Моликӣ
Нурӣ ал Моликӣ-нахустивазири Ироқ аз аҳолии Фалуҷа хостааст, ки тундравҳои ҷонибдори шабакаи террорирстии Ал Қоидаро аз шаҳр берун ронанд, то артиши Ироқ ба ин шаҳр ҳамла накунад. Дар як изҳорот, ки тавассути телевизиони давлатии Ироқ пахш шуд, Моликӣ тундравҳоро “террорист” арзёбӣ кардааст. Вай ҳушдор дод, ки Фалуҷа мумкин аст ба хатари ҳамлаҳои мусаллаҳона дучор шавад, агар тундравҳо аз ин шаҳр берун нараванд.

Моликӣ ба нируҳои амниятии Ироқ дастур додааст, ки барои муддате аз ҳамла ба қисматҳои аҳолинишини шаҳри Фалуҷа худдорӣ кунанд. Ҳафтаи гузашта ин тундравҳо бахше аз шаҳри Фалуҷа ва маркази идории вилояти Анбарро бъа тасарруфи худ дароварданд.
XS
SM
MD
LG