Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел дар лижаронӣ ҷароҳат бардошт


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ҳангоми лижаронӣ дар кӯҳистонҳои Шветсария ҷароҳат бардошт. Стефан Сиберт -сухангӯи вай гуфт, эҳсосоти аввалини Меркел сӯзиши шадид будааст ва сипас маълум шудааст, ки дар асл як тарафи ронаш осеб бардоштааст.

Чунин пешомад Меркелро водор месозад, ки баъзе мулоқотҳои расмӣ ва сафарҳояшро дар ҳафтаҳои оянда ба таъхир андозад. Вале вай раҳбарии кобинаро ҳамчунон идома хоҳад дод ва ҷаласаҳои ҳукуматиро баргузор хоҳад кард.
Стефан Сиберт мегӯяд, ҳангоми афтодан суръати лижаронии Меркел суст будааст, вале нагуфтааст, ки сабаби афтодани вай чӣ будааст ё касе ба вай халал расондааст.

Ҳоло олмонии дигар Михаил Шумахер-қаҳрамони Формула як низ аз ҷароҳати вазнини сар муолиҷа мегирад. Вай ҳангоми лижасаворӣ дар кӯҳистонҳои Алп афтод ва бо сараш ба санг бархӯрд. То ҳол вай ду ҷароҳии сарро гузарондааст ва ҳамоно дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG